Таваррум дар сатҳи муътадил қарор дорад

Бойгонии ахбор
20.11.2015

Таваррум дар сатҳи муътадил қарор дорад

Тавре таҳлили маълумотҳои омори расмӣ нишон дод, сатҳи таваррум дар кишвар нисбатан устувории худро нигоҳ дошта, дар интиҳои моҳи октябри соли ҷорӣ 0,5 фоизро ташкил намуд.

Нишондиҳандаи мазкур дар моҳҳои январ-октябри соли равон бошад, 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 банди фоизӣ камтар аст. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки таваррум дар зарфи 12 моҳ ба 5,4 фоиз баробар шуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ пасттар мебошад.

Яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон чун моҳҳои гузаштаи соли равон бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку