БМТ: Чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешаванд

Бойгонии ахбор
01.12.2015

БМТ: Чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешаванд

Бонки миллии Тоҷикистон нисбати шаш нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳи қарзӣ бинобар роҳ додан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон сабабгори ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор гардидаанд ва дар кори батанзимдарории сиёсати қурби асъор монеа эҷод кардаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро оғоз намуд.

Дар пайи санҷишҳои гуруҳҳои фаврии муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратура барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ Назаров Алиаҳмад Худойназарович - корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ “Васлат”, Валиев Аминҷон Амиралиевич - корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ ”Азизи Молия”, Бобоназаров Бахтиёр Исмонқулович ва Абубакр Зафар Саидзода - кормандони нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ ”Вориси Замон”, Азимзода Алишери Сироҷиддин ва Саодатов Ибодулло Қудратович - кормандони нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк” муайян ва боздошт шуданд.

Дар робита ба ин, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шуд, ки то гирифтани дастури иловагии Бонки миллии Тоҷикистон кормандони номбурдаро ба кор қабул накунанд.

Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои беназоратӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор моликони ин нуқтаҳо - ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи сад ҳазор сомонӣ, ҶДММ ТАҚХ “Васлат”, ҶДММ ТАҚХ ”Азизӣ- молия” ва ҶДММ ТАҚХ ”Вориси Замон” дар алоҳидагӣ ба маблағи шаст ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку