БМТ: Чораҳои таъсиррасонӣ идома меёбанд

Бойгонии ахбор
01.12.2015

БМТ: Чораҳои таъсиррасонӣ идома меёбанд

Имрӯз, 1 декабри соли равон Бонки миллии Тоҷикистон барои даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ин дафъа нисбати бисту ду нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳи қарзӣ, ки ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ намуд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои Гуруҳи фаврии муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” ҳолатҳои вайрон кардани талаботҳои қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ошкор карда шуданд.

Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дод, ки то дастрас намудани дастури иловагӣ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба вайрон кардани талаботи қонун роҳ додаанд, ба кор қабул накунанд.

Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда дар нуқтаҳои мубодилаи асъорҳои ташкилотҳои қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” чораҳои таъсиррасонӣ, аз қабили ситонидани ҷаримаҳои калонро татбиқ менамояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку