Санҷишҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идома доранд

Бойгонии ахбор
03.12.2015

Санҷишҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идома доранд

Гурӯҳҳои муштараки кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор 2 декабри соли ҷорӣ низ санҷиши фаъолияти нуқтаҳои муболидаи асъорро дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар идома доданд.

Дар натиҷаи фаъолияти якҷояи аъзои гуруҳ як қатор қонуншиканиҳо ва камбудиҳо дар кори 18 нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Ориёнбонк”-и ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Вахдат ва шаҳри Норак ошкор карда шуданд. Дар аксари нуқтаҳои мубодилаи асъор камбудиҳои зерин, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, бесабаб фаъолият накардани баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ба қайд гирифта шуданд. Ба ғайр аз ин, як ҳолати фаъолияти ғайриқонунии мубодилаи асъор аз ҷониби як шаҳрванди ноҳия Ёвон ошкор гардида, маблағҳои он мусодира карда шуданд.

Дар баробари ин, қайд кардан ба маврид аст, ки интизоми молиявӣ дар як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъор нисбат ба рӯзҳои гузашта беҳтар гашта, андозаи бешомаду камомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор нисбатан кам гардидааст.

Нисбати кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки ба амалҳои ҳаннотӣ даст зада, талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро дағалона вайрон кардаанд, чораҳои таъсиррасонӣ татбиқ шуда, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шудааст, ки онҳоро аз кор озод намоянд.

Вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Ориёнбонк” чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида шуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку