Мулоқот бо ҳайати бахши молиявии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
07.12.2015

Мулоқот бо ҳайати бахши молиявии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ

Ҳайати бахши молиявии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ аввали моҳи декабри соли равон ба Душанбе ташрифи корӣ ба амал овард ва то 16 декабр фаъолияти худро идома медиҳад.

Дар доираи ин сафари корӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К., 4 декабри соли ҷорӣ бо ҳайати бисёрнафараи бахши молиявии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба баррасии барномаи сесолаи чораҳои маблағгузории сиёсати рушд ва таҳияи барномаи дастгирии техникии Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ролф Берндт мулоқот намуд.

muloqot_1.jpg

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро асосан дар чорчӯбаи андешидани чораҳо барои амалӣ намудани барномаи номбурда ва натиҷаҳои барномаи маблағгузорӣ дар бахши рушд муҳокима намуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев зимни мулоқот иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани механизмҳои таъмини устувории молиявӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, дар бонк Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо ташкил ва аллакай фаъолият менамояд. Масъалаи дар назди Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намудани Кумитаи суботи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дорад ва корҳо дар самти омода кардани тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”ҷараён дорад.

muloqot_2.jpg

Роҳбари бахши молиявии ҳайати Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ Ролф Берндт дар навбати худ таъкид кард, ки Бонки ҷаҳонӣ маҳз бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳама он барномаҳои мушаххасу муайяншудаи низоми бонкӣ кӯмаки техникӣ пешниҳод менамояд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаи судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро баррасӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку