Санҷиш камбудиҳоро ошкор намуд

Бойгонии ахбор
07.12.2015

Санҷиш камбудиҳоро ошкор намуд

Дар натиҷаи санҷишҳои Гурӯҳҳои муштараки кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор, ки 3 ва 4 декабри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе гузаронида шуданд, дар фаъолияти 12 нуқтаҳои мубодилаи асъор камбудиҳои ҷиддӣ ошкор карда шуданд.

Маълум гардид, ки кормандони як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъор бо фармоиши саридораи ташкилотҳои қарзӣ аллакай фаъолияти худро боздоштаанд. Бо вуҷуди он ки дар ин рӯзҳо шумораи ҳолатҳои бешомаду камомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор кам гардида бошад ҳам, камбудиҳо дар фаъолияти баъзе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАҚХ “Васлат” аз қабили мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридора ба қайд гирифта шуданд.

Ҳамчунин ошкор карда шуд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, воқеъ дар даромадгоҳи бозори “Варзоб” Абдуллоев Ф., дар ҳолати доштани асъори хориҷӣ ба хотири ҳаннотӣ аз фурӯши асъор бо қурби муқарраршуда ва қонеъ кардани талаботи мизоҷон худдорӣ мекардааст.

Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “БСТ ТИСТ  Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк” ва ТАҚХ “Васлат” чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида шуда, ба ин ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шуд, ки кормандони он нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ ҷой додаанд, аз кор озод намоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку