Музоядаи аввалин дар Низоми нав ва ягонаи электронии савдои байнибонкӣ тавассути платформаи «Томсон Ройтерс» дар БМТ баргузор гардид

Бойгонии ахбор
07.12.2015

Музоядаи аввалин дар Низоми нав ва ягонаи электронии савдои байнибонкӣ тавассути платформаи «Томсон Ройтерс» дар БМТ баргузор гардид

Шурӯъ аз имрӯз, яъне аз 7 декабри соли ҷорӣ, дар таърихи низоми бонкии кишвар Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” дар Бонки миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.

Минбаъд тамоми амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза таввасути ин низом, тариқи баргузории музоядаҳо гузаронида хоҳанд шуд.

Ин иқдом барои фаъол намудани бозори байнибонкии асъор ва беҳтар кардани шароити мусоид оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ тавассути системаи асосӣ ва инфрасохтори бонк, байни ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

То имрӯз аллакай 19 ташкилоти қарзӣ ба низоми номбурда пайваст шудаанд ва метавонанд аз имкониятҳои васеъи он баҳрабардорӣ намоянд. Дигар ташкилотҳои қарзие, ки ҳоло пайваст нашудаанд ё дар ҷараёни пайвастшавӣ мебошанд, баъд аз пурра шомил шудан ба он ба бозори байнибонкии асъор роҳ меёбанд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз татбиқи ҷадиди заминаи (платформа)-и ширкати “Томсон Ройтерс” имрӯз дар БМТ, ин дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани бозори байнибонкии асъор, мубодилаи асъор байни ташкилотҳои қарзӣ буда, иҷрои самараноки он ба мутобиқ гардонидани бозори ғайринақдӣ ба платформаи мазкур оварда мерасонад. Ин амал яке аз бандҳои асосӣ ва муҳими иҷрои барномаи ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар музоядаи имрӯза аз 2 млн. доллари ИМА-и ба бозори байнибонкии асъор пешниҳодшуда 42,5 фоизи он бо дархости иштирокдорони ин бозор фурухта шуда, талаботи онҳо қонеъ гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку