Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, 17 бонк, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 106 адад ташкилоти маблағгузории хурд, 39 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 31 адад ташкилоти қарзии хурд, 36 адад фонди қарзии хурд, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд.
Шаҳрвандон ҳангоми пайдо шудани зарурати мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳо ё анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ метавонанд аз хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағ бемамониат истифода бурда, талаботи худро қонеъ гардонанд.
Дар сурати ба миён омадани нофаҳмӣ, дучор омадан бо муомилаи сарди кормандони бахши низоми бонкӣ ва ё сар задани норасоӣ аз тарафи бахши низоми бонкӣ, муштариён метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 (Шуъбаи сиёсати қурби асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон) ва 620-05-39, 600-28-63 (Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ) муроҷиат намоянд.
Аз ҷониби кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳалли мусбии масъалаҳои бамиёномада чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ