Мулоқот бо ҳайати Бонки рушди Осиё

Бойгонии ахбор
08.12.2015

Мулоқот бо ҳайати Бонки рушди Осиё

Дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов бо ҳайати Бонки рушди Осиё – роҳбари лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм Саид Зайдоншоҳ ва коршиноси байналмилалӣ Нил Ҷенсен, ки имрӯз, 8 декабри соли равон баргузор гардид, масъалаҳои рафти амалишавии лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва нақшаи корӣ барои оянда баррасӣ шуданд.

Ikromov_1.jpg

Тавре хабар дода будем, аз 30 ноябр то 9 декабри соли ҷорӣ ҳайати Бонки рушди Осиё дар доираи лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.

Зимни суҳбат роҳбари лоиҳаи зикршуда Саид Зайдоншоҳ иброз дошт дар доираи татбиқи лоиҳаи ёрии техникӣ вохӯриҳо бо намояндагони вазорату кумитаҳо баргузор гардиданд. Дар баробари ин, барои аъзои Гурӯҳи корӣ, кормандони молия, бонкӣ ва намояндагони бахши хусусӣ се семинар дар самти омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷати Баҳодиҳии хавфи миллӣ гузаронида шуд.

Ikromov_2.jpg

Сироҷиддин Икромов дар ҷараёни вохӯрӣ ба намояндагони ҳайати Бонки рушди Осиё барои расонидани ёрии техникӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махсус қайд кард, ки гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллӣ яке аз талаботҳои асосии тавсияҳои нави ФАТФ буда, анҷоми бомуваффақияти ин чорабинӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дошта, он барои кам намудани сатҳи хавф, пурзур намудани низоми мубориза ба қонунигардонии маблағҳо ҷалби бештари сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ҷамъоварии маълумот барои таҳияи ҳисоботи Баҳодиҳии хавфи миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо ҳайати Бонки рушди Осиё ҳамкорӣ намуда, дар пешниҳоди ин ҳуҷҷати муҳим саҳм гузорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку