Парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд

Бойгонии ахбор
09.12.2015

Парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд

Тавре иттилоъ дода будем, рӯзҳои 3-5 декабри соли равон аз ҷониби Гуруҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷишҳои муштарак гузаронида шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо нисбати 5 нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва 1 нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Агроинвестбонк” бинобар сабаби ошкор гардидани камбудиҳои зерин, аз қабили бо қурби баланд харидорӣ намудани доллари ИМА нисбати қурби дар қурбномаи аз ҷониби бонк муайяншуда, надоштани китоби бақайдгирӣ, ба расмият надаровардани ҳисоботҳо ва бешомади хазина санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда нисбати 2 адад нуқтаи мубодилаи асъор аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Санадҳои дигар нисбати чор нуқтаи мубодилаи асъор дар айни замон мавриди баррасӣ қарор доранд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку