Имрӯз, 14 декабри соли равон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К., бо ҳайати Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии иқтисодчии пешбари бонки номбурда оид ба Осиёи марказӣ Кристос Костополос мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ мавзуи таҳияи лоиҳаи Барномаи дастгирии буҷет ва барномаи сесолаи чораҳои маблағгузории сиёсати рушдро баррасӣ карданд.
Зимни мулоқоти корӣ тарафҳои диққати асосиро ба муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд асосан дар чорчӯбаи андешидани чораҳо барои амалӣ намудани барномаи номбурда ва натиҷаҳои барномаи маблағгузорӣ дар бахши рушд равона намуданд.
Қайд гардид, ки мақсади асосии таҳияи барномаи зикршуда, пеш аз ҳама кам кардани осебпазирии иқтисодиёт, афзудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёт ва ба миён овардани фазои муътадили макроиқтисодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Илова бар ин, ҷонибҳо ҳамчунин паҳлӯҳои дигари ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро барои солҳои оянда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ