Ҳамкорӣ бо ширкати Visa International Service Association оғоз ёфт

Бойгонии ахбор
17.12.2015

Ҳамкорӣ бо ширкати Visa International Service Association оғоз ёфт

Санаи 16 декабри соли равон дар таърихи начандон тӯлонии Низоми пардохти ҷумҳурӣ боз як саҳифаи нав кушода шуд. Маҳз ҳамин рӯз лоиҳа оид ба иштироки ширкати Visa International Service Association дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид.

Аз ин баъд тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.

Бояд қайд кард, ки то ин замон ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa International ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ хориҷ намудани маблағ аз суратҳисоби кортии харидор бо мубодилаи асъор анҷом дода мешуд. Ҳол он, ки ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар бо пули миллӣ амалӣ мегардид. Баъди анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор фарқияти назаррас байни маблағи ба таври нақд харидшуда ва маблағи бо истифодаи корти пардохтӣ иҷрогардида, ба амал меомад.

Бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштироки ширкати байналхалқии Visa International Service Association дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонида буд.

Аз ин рӯз сар карда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасониҳо бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.

Қобили қайд аст, ки мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку