Барои муътадил гардидани вазъият дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ андешида мешаванд

Бойгонии ахбор
18.12.2015

Барои муътадил гардидани вазъият дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ андешида мешаванд

Бо мақсади ба як низоми муайяни дар чорчӯбаи қонун амалкунанда даровардани фаъолияти бозори дохилии асъор, маҳдуд намудани гардиш ва хариду фурӯши ғайрирасмии асъори хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ ва таъмини муътадили рушди низоми бонкӣ имрӯз, 18 декабри соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат мулоқот доир намуд.

rais_1.jpg

Тавре дар оғози ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, таҳлилҳои рӯзҳои охири фаъолияти бозори дохилии асъор ва хизматрасонии амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ, арзу шикоят ва муроҷиатҳои сершумори аҳолӣ нисбати кори ғайриқаноатбахши як қатор муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар робита ба мушкилот дар пешниҳоди қарз, фоизҳои баланд ва тамдиди муҳлати он, пардохти фоизи қарзҳои бо асъори хориҷӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатиро ба ташвиш овардааст.

Номбурда таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли якчанд дастурҳои худ ташкилотҳои қарзиро огоҳ ва вазифадор карда буд, ки маҷмуи чорабиниҳои техникӣ ва меъёрии ҳуқуқиро дар давраи гузариш андешида, фаъолияти муназзами бозори асъори нақдӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиби мубодилаи асъорро ба аҳолӣ таъмин намоянд. Мутаассифона, роҳбарони баъзе ташкилотҳои қарзӣ талаботҳои дастурҳои Бонки миллиро сарфи назар карда, бе риояи талаботи давраи гузариш фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори худро қатъ гардониданд. Тасмими қабл аз муҳлат ва саросемавор қабулшуда ба ҷоннок шудани фаъолияти ҳаннотон ва бозори ғайрирасмии мубодилаи асъор мусоидат намуд.

Ташвишовар он аст, гуфт дар идомаи вохӯрӣ Ҷ. Нурмаҳмадзода, баъди қатъ намудани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ташкилотҳои қарзӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои мубодилаи асъор тавассути хазинаҳои муассисаҳои худ ягон кори назаррасеро анҷом надодаанд. Чунин муносибати баъзе ташкилотҳои қарзӣ боиси ноором шудани бозори дохилии асъор ва норозигии шаҳрвандон гардид. Бинобар сабаби дар лаҳзаҳои зарурӣ дастрас карда натавонистани асъори хориҷӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, муштариён маҷбур мешаванд, ки барои қонеъ кардани талаботи худ ба бозори ғайрирасмӣ муроҷиат намоянд.

rais_2.jpg

Дар баробари ин, қайд гардид, ки дар ин рӯзҳо ташкилотҳои қарзӣ, аз қабили БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ва ҶСП “Казкоммертсбонк” масъулият нишон дода, мувофиқи имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон ба аҳолӣ асъори хориҷӣ фурӯхтанд ва ин амал бояд намунаи ибрати дигарон бошад.

Ҳамчунин ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шуд, ки бо соҳибкорони ватанӣ барои аз тарафи онҳо кушодани суратҳисобҳо, ворид намудани маблағҳояшон ва бо ин роҳ васила дар сурати зарурӣ табдил намудан ба асъори хориҷӣ ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ зимни баррасии масъалаҳои боло иброз доштанд, ки ҳамарӯза дар ҳамкорӣ ва кӯмаки Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки вазъи бозори дохилии асъорро муътадил гардонанд. Дар айни замон раванди дар назди хазинаҳои бонкҳо, филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ба роҳ мондани амалиётҳои мубодилавии асъор идома дошта, ҳамзамон дар марказҳои таълимӣ омӯзиши кормандони онҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар бозорҳои қалон, фурӯшгоҳҳои бузург ва ҷойҳои серодами ҷумҳурӣ барои конеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба анҷом додани амалиётҳои мубодилавии асъор марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои иловагӣ ифтитоҳ намуда, реҷаи кории онҳоро тағйир дода, фаъолияташонро дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе таъмин намоянд.

rais_3.jpg

Илова бар ин, роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва масъулини соҳа огоҳ карда шуданд, ки аз беасос баланд бардоштани қурби хариди доллари нақди ИМА худдорӣ намоянд ва асъори аз мардум харидаашонро ба аҳолии ниёзманд фурӯшанд. Зеро дар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани қурби харид, ба аҳолӣ нафурӯхтани асъори нақди хориҷӣ ва пешниҳод накардани ин намуди хизматрасонӣ дар муассисаҳои бонкӣ, нисбати ташкилотҳои қарзии ба ин амал дастдошта чораҳои боздошти ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ андешида мешаванд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку