Масъалаи ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 муҳокима гардид

Бойгонии ахбор
23.12.2015

Масъалаи ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 муҳокима гардид

Дар доираи Барномаи дастгирии буҷет, андешидани чораҳо дар самти солимгардонии бонкҳо масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 177 “Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо” ва Тартиби татбиқи ҷораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имрӯз, 23 декабри соли ҷорӣ дар вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарон ва сардорони сохторҳои марбутаи қарздиҳии бонкҳои ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. 


Дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Дамодаран Кришнамуртӣ иштирок намуд ва бо муаррифии муфассал оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 дар назди роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои кишвар баромад кард. Тавре намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни пешниҳоди муаррифии худ иброз дошт, тағйиру иловаҳои номбурда асосан тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллии низоми бонкӣ таҳия шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шаклу усулҳои қарздиҳӣ, ташкил ва истифодаи дурусти захираҳо, фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо равона гардидаанд. 


Дар ҷараёни муҳокимаи баъзе бандҳои лоиҳаи тағйиру иловаҳо, аз ҷумла оид ба гуруҳбандӣ ва таснифоти намудҳои қарзҳо, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда миёни иштирокдорони ҷаласа ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ саволу ҷавоб баргузор гардид ва ҷонибҳои фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку