Фаъолияти Маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП “Фононбонк” анҷом ёфт

Бойгонии ахбор
13.02.2016

Фаъолияти Маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП “Фононбонк” анҷом ёфт

Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 феврали соли ҷорӣ фаъолияти Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фононбонк”-ро бинобар бартараф шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардида буданд, анҷомёфта ҳисоб намуд.

Дар робита ба қарори зикршуда, роҳбарияти ҶСП “Фононбонк” уҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку