Масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод, низоми бонкии ҳарду кишвари ҳамзабон ва ҳамдин, ки дорои таъриху анъанаҳои муштарак мебошанд, имрӯз, 17 феврали соли равон дар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сараввал, Ҷ. Нурмаҳмадзода сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ ва ҳамроҳони ӯро бо вази феълии низоми бонкии кишвар, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба хотири пешрафти соҳа роҳандозӣ шуданд, шинос намуд. Дар идомаи суҳбат номбурда ба ҷониби Эрон, бахусус бонкҳои он, ки дар ҷумҳурии мо фаъолият доранд, барои дастгирии ташкилотҳои қарзӣ дар давраи буҳронӣ изҳори сипос кард.
Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабулу дар амал татбиқ сохтани қонунҳо ва муқаррароти ҳуқуқӣ, эълони сиёсати дарҳои кушода, таъмини амнияти комил ба ташкилоту ширкатҳои истеҳсолии хориҷӣ барои ташкил намудани корхонаҳои муштарак, ворид кардани сармоя, маблағгузорӣ кардани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароити мусоид ва имтиёзнок муҳайё сохтааст. Дар робита ба ин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳиш ба амал овард, ки барои дар сатҳи нави ҳамкорӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманди бонкҳои ҳарду кишвар нақшгузор бошад.
Ба истиқболи пешниҳоди Ҷамшед Нурмаҳмадзода сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ омодагии кишвари худ, ҳамчунин сармоядорони онро дар ҷодаи тавсеаи ҳамкориҳо дар иқтисодиёт, азҷумла дар низоми бонкии Тоҷикистон иброз намуд. Ӯ таъкид кард, ки баъди аз байн бардошта шудани таҳримҳои чандинсолаи иқтисодӣ имкониятҳои кишвараш барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни дуҷониба бештар гаштааст. Аз ҷумла, бонкҳои иронӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ба нақша гирифтаанд бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ филиалу намояндагиҳо худро кушоянд ва ба ин васила дар рушди низоми бонкӣ саҳм гузоранд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои судманд муҳокима шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ