Теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ зиёд шуд

Бойгонии ахбор
18.02.2016

Теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ зиёд шуд

Бонки миллии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки хоҳишмандон барои анҷом додани мубодилаи асъор метавонанд ба хазинаҳои 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1464 нуқтаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд. Танҳо дар якуним моҳи соли равон шумораи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ 28 адад зиёд шудааст.

Аз ҷумла, дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Султони Кабир”, “Фаровон”, бозорҳои фурӯши яклухти маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, равған, чой ва шакар), фурӯшгоҳи марказии “СУМ”, маркази савдои “Садбарг” барои анҷом додани амалиёти мубодилавӣ 10 адад марказҳои нави хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Эсхата” ва ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ташкил шудаанд ва ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд. Раванди таъсиси марказҳои нави хизматрасонии бонкӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку