Иштироки Тоҷикистон дар Форуми инвеститсионии Осиёи Марказӣ дар Истамбул

Бойгонии ахбор
18.02.2016

Иштироки Тоҷикистон дар Форуми инвеститсионии Осиёи Марказӣ дар Истамбул

Дар Форуми инвеститсионии Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) 18 феврали соли ҷорӣ дар Истамбул баргузор мегардад, иштирокдорони он имкониятҳои маблағгузорӣ ва мушкилот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Муғулистон мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар форуми номбурда муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифӣ менамояд. Иштирокдорони он ҷанбаҳои амалии пешбурди фаъолият дар минтақа, имкониятҳо барои сармоягузорони хориҷӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ менамоянд.

Тибқи нақша намояндагони сатҳи баланд аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Туркманистон оид ба андешидани охирин чораҳои танзимкунанда и имкониятҳои маблағгузорӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.

Дар ҳамин рӯз, дар арафаи оғози форуми инвеститсионӣ таҳти раёсати Президенти БАТР вохӯрии дар сатҳи баланд бо иштироки мудирони минтақавии бонк баргузор мешавад, ки дар он чораҳои андешидашудаи қаблӣ ва ба нақша гирифташуда барои беҳтар кардани фазои солими фаъолият, ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, рушди иқтисод дар минтақа дар давраҳои ташвишовари иқтисодӣ хориҷӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку