Бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёти кишвар, мутобиқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли ҷорӣ меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Ҳамчунин бо мақсади дар боло зикршуда, бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли равон меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, дар сатҳи 18,0 фоизи солона муқаррар гардид.
Қарорҳои мазкур аз санаи 1 марти соли равон дар амал татбиқ карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ