Бо мақсади шарҳ додани зарурияти дастгирии пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» имрӯз, 22 феврали соли равон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар бобати зарурат, замина ва аҳамияти пешниҳоди мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки қабули «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муқаррароти асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад. Онҳо маҳз барои рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва рушди забони давлатӣ равона карда шудаанд.
Дар рафти ҷамъомад масъалаи мазкурро дигар кормандони воҳидҳои сохтории бонк низ дастгирӣ намуда, таъкид карданд, ки пешниҳоди номбурда тақозои замон буда, қабули он ба манфиати давлату ҷомеа мебошад. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки такмилу мукаммалсозии қонуни асосӣ дар ҳама гуна кишвар ба хотири пешрафти бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мардум анҷом дода мешавад. Зикр гашт, ки тағйирот ва иловаҳо дар пешниҳоди мазкур дар тарғиби расму анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, масъулияти онҳо дар назди ҷомеа, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда хоҳанд дошт.
Дар баробари ин, махсус қайд гардид, ки тағйиротҳои пешниҳодшуда дар оянда имконият медиҳанд, то қишри бонуфузи ҷомеа минбаъд низ дар рушди худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва сулҳу суббот ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои волои ин давлату ҷомеа бошанд.
Дар поёни вохӯрӣ ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон пуштибонии худро аз «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» изҳор дошта, аз аҳли нишаст даъват намуданд, ки дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйиру иловаҳои зикршуда бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар рушди ҷомеа саҳми босазо гузоранд.
Хотиррасон мекунем, ки мутобиқи талаботи моддаҳои 57, 98 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 8, 11, 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ