Тавре аз таҳлили маълумотҳои ҷамъбастии бонкӣ бармеояд, дар моҳи январи соли ҷорӣ, ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 фоиз афзуда, маблағи 12 061 млн. сомониро ташкил намуд. Аз ин маблағ 4 932,9 млн. сомонӣ ё 40,9 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 7 128,1 млн. сомонӣ ё 59,1 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, ҳаҷми қарзҳои додашуда назар ба аввалин моҳи соли қаблӣ 631 млн. сомонӣ афзуд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳи январи соли равон бо пули миллӣ 24,70 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 20,19 фоизи солонаро ташкил намуд. Фоизи қарзҳои бо асъори хориҷӣ додашуда нисбат ба моҳи январи соли гузашта 3,5 банди фоизӣ паст шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳи январ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 7,5 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла, 91,0 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудаст, ки афзоиши он нисбат ба январи соли гузашта 2,7 фоизро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ