Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», 26 феврали соли равон вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ бо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ибтидои маҷлис муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов ба аҳли нишаст муроҷиат намуда, иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани чунин вохӯриҳо пешгирӣ намудан аз паёмадҳои зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта ва ғайра ба шумор меравад.
Сипас, намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дастоварду мушкилоти мавҷуда дар ин роҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта заминаи мустаҳкам гузошта, дар самти муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳлили омори вазъи коррупсионӣ тамоми масъалаҳоро пешбинӣ намудааст. Ҳамзамон қайд гардид, ки вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлативу худидоракунӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар пайи иҷрои нақша-чорабиниҳо дар самти мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.
Дар идомаи мулоқот изҳор карда шуд, ки барои омӯзиши пурра ва таъмини иҷрои босамари талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва дигар қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор ва пешгирӣ намудан аз кирдорҳои коррупсионӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани семинарҳои соҳавӣ ва дигар чорабиниҳо дар идораву корхонаҳо мунтазам бояд ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин ба иштирокчиёни ҷаласа мақсад ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр дода шуд. Таъкид карда шуд, ки баҳри пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд, зеро ин раванд метавонад ба ҷомеаи имрӯза таъсири манфӣ расонаду ҷавононро ба гумроҳӣ ва роҳи бад раҳнамун созад.
Дар анҷоми вохӯрӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов мулоқот ва табодули афкори мазкурро саривақтӣ ва зарур шуморида, таъкид намуд, ки минбаъд ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шуда, баҳри баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандони низоми бонкӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ