Мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд

Бойгонии ахбор
02.03.2016

Мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд

Имрӯз, 2 марти соли ҷорӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбари ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд, Директори барномаҳои кишварӣ Муҳаммад Ҷамал Ал-Саати, ки ҷиҳати омӯзиши лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат, дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо бо сохторҳои давлатию хусусӣ ба муддати як ҳафта ба ҷумҳурии мо ташриф овардааст, мулоқоти корӣ доир намуд.

muovin1.jpg

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда қаноатмандии худро баён намуда, омодагии низоми бонкии мамлакатро ба ҳамкории боз ҳам зичу судманд бо Бонки исломии рушд иброз дошт ва аз меҳмонон даъват ба амал овард, ки дар ин самт корро боз ҳам ҷонноктар намоянд. Номбурда таъкид кард, ки дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон ба мусоидат барои пешниҳоди кӯмаки машваратӣ барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисони бонкӣ ниёз дорад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои бештари ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, расонидани кӯмакҳои техникӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар бахши бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

muovin2.jpg

Роҳбари ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Ҷамал Ал-Саати аз сатҳ ва раванди ҳамкориҳо бо ташкилотҳои қарзӣ ва низоми бонкии кишвар изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки барои ба таври мушаххас ва мукаммал муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ моҳи апрели соли равон гуруҳи мутахассисони касбии Бонки исломии рушд ба Душанбе меояд.

Дар рафти мубодилаи афкор Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC), Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD), ки шомили ҳайати номбурда мебошанд, паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушдро баррасӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку