Фаъолияти ҶДММ ТҚХ "Меҳробод" қатъ гардид

Бойгонии ахбор
02.03.2016

Фаъолияти ҶДММ ТҚХ "Меҳробод" қатъ гардид

Тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 марти соли ҷорӣ фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонида шуд.

Дар робита ба қарори зикршуда иҷозатномаи ин ташкилоти қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда мешавад.

Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор карда шуд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад.

Комиссияи барҳамдиҳӣ бошад, вазифадор карда шуд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку