Таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар БМТ

Бойгонии ахбор
07.03.2016

Таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар БМТ

Имрӯз, 7 марти соли равон ба ифтихори ҷашни фархундаю муборак, Рӯзи модар бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, хонумон ва бонувон, ки дар бахшҳои гуногун ва вазифаҳои пурмасъулияти бонк фаъолият доранд, ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар назди ҳозирин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баромад намуда, модарон, бонувон ва хоҳарони гиромиро самимона табрику таҳният гуфт.

Инак, матни пурраи суханронии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҷамъомади кормандони бонк бахшида ба Рузи модар манзури хонандагони гиромӣ гардонида мешавад. 

8-mart-1.jpg

Бонувони арҷманд!

Иҷозат фармоед бо истифода аз фурсати муносиб дар остонаи Наврӯзи фархундапай ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми баҳору сарсабзии табиат ба ҳар кадоми Шумо, пеш аз ҳама саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу намоям.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар ҷомеаи шаҳрвандии мо зану мард бо ҳам ҳуқуқи баробар доранд, вале дар асл нисбат ба мард рисолат ва масъулияти зан-модар бештар мебошад. Зеро зан-модар азизтарин офаридаи рӯйи Замин аст, ки Худованд ба вай ҳамчунин қудрати офаринандагӣ ато фармудааст ва зиндагии инсон аз оғӯши пурмуҳаббати ӯ оғоз мегардад. Оғӯши пурмеҳри модар ҳамчунин нахустин мактаби таълиму тарбия ва модар аввалин муаллиму мураббии фарзанд ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва гул-гул шукуфии Ватани азизамон фаъолона саҳм мегузоранд. Ин воқеият беихтиёр мисраҳои саршор аз меҳру муҳаббати Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзодаро ба хотир меоварад, ки гуфта буд:

8-mart-2.jpg

                                              Дар диёри мо шуд одам арҷманд,

                                              Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.

                                              Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

                                              Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

                                              Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

                                              Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Мақому мавқеи зан дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз боло меравад ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва риояи ҳатмии ҳуқуқи конститутсионии занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт пайваста тадбирҳо андешида, ин тадбирҳоро дар доираи шароиту имкониятҳои мавҷуда, зина ба зина амалӣ менамояд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.

Мо, агар ба таърихи гузаштаи дури халқи худ назар афканем мебинем, ки занону духтарони ҷасуру диловари тоҷик аз замонҳои қадим дар роҳи ҳифзи нангу номӯси халқу Ватан фидокориҳову ҷоннисориҳои бемислу монанд кардаанд. Тасвири симои Гурдофарид дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таҷассуми мардонагию шуҷоати занон дар майдонҳои ҷанг ба хотири ҳифзи Ватан аст, ки барои занону духтарони имрӯзу фардои мо ҳам метавонад намунаи олии пайравӣ ва ибрат бошад.

Рухшона ва ҳазорон-ҳазор занҳои дигар, аз ҷумла маликаи Бухоро, ки ҳангоми ҳамлаи арабҳо ва амири Хуросон таъйин шудани Саид ибни Усмон подшоҳи Бухоро буд, дар тӯли таърих аз худ корнамоию мардонагии зиёд нишон додаанд. 

8-mart-3.jpg

Робияи Балхӣ, Зебинисо, Маҳастии Хуҷандӣ, Меҳрии Ҳиротӣ, Тоҷуддавла ва дигар занони донишманду соҳибқалам дар ривоҷу равнақи шеъру адабиёти мо нақши сазовор гузоштанд. Мо, имрӯз симои зебои зохирию ботинии ин бонувони ширинсуханро дар шеъру сухани дилкашу дилангези онҳо мебинем ва дар пеши ҳунару истеъдоди худододи онҳо сари таъзим фуруд меорем.

Баъдан, дар солҳои аввали барқарории Ҳукумати Шӯравӣ Фирӯза (Саломат Ҷаҳонгирова), Зайнаббибӣ ва дигар занони мубориз парчамбардори баробарӣ ва озодии занон буданд ва чанде аз онҳо дар ин роҳ худро қурбон карданд.

Айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рӯзгори файзбори давлатдории миллӣ ба зиммаи занону духтарон масъулияти боз ҳам бештар вогузор менамояд. Яъне, зарур аст, ки занону духтарон на танҳо дар ободонии мамлакат ва таъмини дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии он, балки бо кору амали шоиста ва ахлоқи ҳамидаи худ дар амри боло бурдани сатҳи маънавии аҳли ҷомеа саҳмгузор бошанд ва рисолати худро ба сифати зан-модар – олиҳаи меҳру вафо, ишқу муҳаббат, садоқату самимият сарбаландона иҷро намоянд. 

8-mart-4.jpg

Муҳимтар аз ҳама, имрӯз зарур аст, ки занони мо ҳамқадами ҳаёт ва замон бошанд. Аз навигариҳои олам ва кашфиётҳои нави илму техника бехабар намонанд. Дар баробари забони модарӣ барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба хусус забонҳои англисӣ ва русӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Лозим аст, ки занону духтарони мо ҳуқуқи конститутсионии худро донанд ва барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ саъю кӯшиш намоянд. Вале бояд қайд кард, ки мафҳуми озодӣ нисбӣ аст ва маънои тамоман аз ҳар қайду банд озод буданро надорад. Озодӣ дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат зиндагонию фаъолият кардан аст. Тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона ё рӯй овардан ба таассубу хурофоти динӣ, ки ҳоло дар байни занону духтарони мо ҷо-ҷо ба мушоҳида мерасад, моро ба манзили мақсуд намерасонад. Аз тақлиду таассуби беҳуда коми мо ширин ва муроди мо ҳосил намегардад. Бинобар ин, зарур аст, ки мо аз тақлиди ноҷои фарҳангӣ сарфи назар намоем. Арзишҳои асили маънавию миллӣ ва динию фарҳангии худро пос дорем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

8-mart-5.jpg

Бояд таъкид намуд, ки шарму ҳаё аз замонҳои қадим дар баробари ҳусну ҷамоли зебо, зебу зинати занону духтарони мо буд ва ба зебоии онҳо зебоии бештар зам менамуд. Бино бар ин, зарур аст, ки арзишҳои ахлоқию маънавӣ, ки ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо мебошанд, эҳтиром карда шаванд.

Мо, имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар кишвари мо занон дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Дар фаъолияти бонкдории мамлакат низ имрӯз нақши занон шоиста арзёбӣ мешавад. Бояд гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ, то ба вазифаҳои пурмасъули сардори Идора ва Муовини Раис мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Умедворем, ки занону духтарони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, баланд бардоштани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт.

8-mart-6.jpg

Бо ҳамин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо – бонувони азизу арҷманди Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар кадоми Шумо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям! Идатон муборак, бонувони азиз! 

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку