Парлумони кишвар ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд

Бойгонии ахбор
09.03.2016

Парлумони кишвар ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд

Имрӯз, 9 марти соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба танзим даровардани тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар кишвар ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар назди вакилон оид ба ислоҳоти низоми Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот дода, изҳор дошт, ки ҳадаф аз пурзӯр намудани ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии асъор ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар ин самт мебошад.

Аз ҷумла, Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронии худ чунин иброз дошт: “Яке аз вазифаҳое, ки дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гузошта шуда буд, ин дар муҳлати кӯтоҳтарин коҳиш додани тафовути байни қурби расмӣ ва бозори накдии асъори хориҷӣ (доллари ИМА) мебошад. Тавассути тадриҷан кам кардани тафовути байни қурбҳо, имрӯз фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби накдии бозории асъори хориҷӣ ба танзим дароварда шудааст. Минбаъд низ дар самтҳои баланд бардоштани дараҷаи боварию эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, коҳиш додани сатҳи долларизатсия дар иқтисодиёт ва пешгирии муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз чунин тадбирҳо пешгирии муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ мебошад, ки татбиқи он зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд. Бо ин мақсад лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва пешгирии содиркунии ҷиноят таҳия ва пешниҳод гардидааст”.

Мувофиқи моддаи 541–и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор шахсони воқеӣ ба андозаи аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2000 -4000 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (4000-8000 сомонӣ) шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12000 -24000 сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ҷарима мешаванд.

Тибқи тағйироти ба қисми якуми моддаи 286 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориднамуда бошад, нисбати шахсоне, ки баъди супоридани ҷаримаи маъмурӣ маротибаи дуюм даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мезананд, ҷарима ба андозаи аз 200 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол, дар қисми дуюми моддаи мазкур ҷарима ба андозаи аз 730 то 1095 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ аз чор то шаш сол пешбинӣ гардидааст. Инчунин, агар кирдори пешбиникардаи қисми дуюми модда такроран аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз 1277 то 1642 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ мешавад.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи кодексҳои мазкур, ки имрӯз аз ҷониби намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар қабул гардид, баъди ҷонибдорӣ ёфтан аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти ҷумҳурӣ эътибори қонунӣ гирифта, мавриди амал қарор мегиранд. 

Хадамоти матбуоти  
БМТ





Возврат к списку