Дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ намуд. Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода мешавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Стандарт молия» таъсис дода шуда, муассисони он шаҳрвандони кишвар ба шумор мераванд.
Ба бонк табдил додани ҶДММ ТАҚХ «Стандарт молия» доираи анҷом додани амалиётҳои бонкиро васеъ намуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъияти молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро таъмин менамояд.
Номи ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ