Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 марти соли равон мутобиқи моддаҳои 14 ва 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, аз қабили ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳитсобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ ва ғайра дода шуд.
Дар робита ба қарори мазкур дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдор дохил карда мешавад.
Бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” барои барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ «Ҳамроз-Тус» розигӣ дода шуда, шаҳодатномаи Фонд бозхонд карда мешавад.
Мақомоти ваколатдори ФҚХ «Ҳамроз-Тус» вазифадор карда шудааст, ки ҳамчун шахси манфиатдор оид ба барҳамдиҳии фонди мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ