Сатҳи таваррум дар моҳи феврали соли 2016 раванди муътадил дошт

Бойгонии ахбор
15.03.2016

Сатҳи таваррум дар моҳи феврали соли 2016 раванди муътадил дошт

Тавре аз маълумоти омори расмӣ бармеояд, дар моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум тамоюли пастравӣ дошта, нисбат ба моҳи қаблӣ 0,9 банди фоизӣ коҳиш ёфт ва ба 0,5 фоиз баробар шуд. Аз аввали сол бошад, нишондиҳандаи мазкур 1,9 фоизро ташкил намуд. Таварруми ҳосилшуда дар ду моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 2,1 фоиз, ғайриозуқа 1,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 3,2 фоиз ба миён омад.

Сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар моҳи феврали соли ҷорӣ 6,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.

Омилҳои асосии пастравии таваррум, бахусус дар моҳи феврал, ин муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор ва устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, ба коҳишёбии нархи молу маҳсулотҳои асосии воридшаванда, хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ (бензин ва гази моеъ) ва ғайра таъсир расонид.

Дар баробари ин, афзоиши пешниҳоди маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ ва аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ба фурӯш баровардани молу маҳсулотҳои аввалиндараҷа ба раванди пастравии сатҳи нархҳо низ мусоидат намуданд.

Дар ду моҳи соли равон арзоншавии нархи гӯшти гов ва гӯсфанд, биринҷ, картошка, сабзӣ, шир, тухм, орди навъи якум, ангишт ва бензин ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки раванди муътадили сатҳи таваррум яке аз омили асосии таъминкунандаи суботи молиявӣ ва устуворкунандаи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку