Бонки миллии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки барои анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор ба ғайр аз хизматрасониҳои мавҷудаи ташкилотҳои қарзӣ, метавонанд аз нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии ҶСП “Казкомертсбонк Тоҷикистон”, ки дар меҳмонхонаҳои “Шератон”(хиёбони Айнӣ, 48), “Сирена” (хиёбони Рӯдакӣ, 14) ва “Хайят Реҷенсӣ” (кӯчаи И.Сомонӣ, 26/1) ҷойгир мебошанд ва тариқи шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, истифода баранд.
Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд, аз хизматрасониҳои Марказҳои хизматрасонии бонкии ҶСК “Агроинвестбонк”, воқеъ дар хиёбони Айнӣ, 16 “б” ва кӯчаи С.Шерозӣ, 21, ки ҳамарӯза то соати 24 00 амалиётҳои мубодилавӣ, интиқоли пул ва дигар амалиётҳоро тибқи санадҳои меъёрӣ муайянгардида, анҷом медиҳанд, бемамониат истифода баранд.
Хадамоти матбуоти
БМТ