Тайи ду рӯз аст, ки бо ташаббуси Бонки милли Тоҷикистон ва дар ҳамкории ташкилотҳои қарзии мамлакат дар қаламрави кишвар ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон идома дорад, ки дар ҷараёни он маърифати молиявии кӯдакон, ҷавонон ва муштариён баланд бардошта мешавад.
Мақсади гузаронидани ҳафтаи молиявӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва муштариён мебошад. Дар ин давра бо роҳи корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишӣ ва бозиҳои гуногуни иқтисодӣ ба онҳо тарзи дурусти истифодабарии хизматрасониҳои молиявӣ нишон дода мешавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо иқдоми ташкилоти Child and Youth Finance International ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмиллалии Global Money Week дар тамоми дунё аз 14 то 20 март ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ