Дар доираи иҷрои талаботи “Барномаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” имрӯз, 18 марти соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони масъули бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои амонатии қарзии хурди кишвар семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар оғози чорабинии зикршуда муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, мақсад аз баргузории семинарро вусъат бахшидан ба рушди низоми бонкии кишвар ва эмин нигоҳ доштани он аз хавфҳои эҳтимолӣ арзёбӣ намуд.
Дар идомаи суҳбат номбурда бо таассуф аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки гоҳо аз ҷониби бархе аз иштирокчиёни низоми бонкии мамлакат дастурамал ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкии ҷумҳурӣ нодуруст ва ё ба пуррагӣ риоя намешаванд, ки ин амал боиси пайдо шудани ҳар гуна нофаҳмиҳо миёни истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ гашта, дар навбати худ ба низоми бонкӣ хавфҳои репутатсионӣ пеш меорад.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ, аз ҷумла масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм, танзими асъор, амалиётҳои асъорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ бо маърӯзаҳо ва шарҳу эзоҳҳо баромад намуданд.
Намояндагони шуъбаҳои дахлдори бонкҳо, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, ки аксарияти аҳли нишастро ташкил медоданд, оид ба тарзу усулҳои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм дар ташкилотҳояшон суханронӣ карда, дар рафти мубодилаи афкор фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки машғулияти омӯзишии имрӯза барои пешбурди фаъолияти низоми бонкии мамлакат, табодули таҷриба байни ташкилотҳои қарзӣ ва тарзи дурусти истифодаи дастурамалу санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
БМТ