Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз 28 март то 1 апрели соли ҷорӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаи “Ҷоми бонкҳо” баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Мақсад аз баргузории ин сабқати иқтисодӣ, ки бо иштироки ҳафт даста аз бонкҳои тиҷоратии кишвар - ҶСК “Агроинвестбонк”, БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодирот-бонк”гузаронида шуд, баланд бардоштани маҳорати идоракунии кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо ба ҳисоб меравад.
Дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо ҷанбаҳои муҳими бонкӣ аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарофаҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳар дастаи иштирокчӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ давра фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни мусобиқаи панҷрӯза дастаи БДА ҶТ “Амонатбонк” тибқи талаботи ҷорӣ дар асоси маълумотҳои ҷойдошта идоракунии дуруст ва самараноки бонки шартиро таъмин намуда, бо муаррифии беҳтарин барнома дар ин сабқати бонкӣ ғолиб дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.
Ҷоми номбурдаро ба ғолибон масъулини Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Татяна Фелдган, Инна Мазур ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон тақдим намуда, барои дар амал татбиқ кардани натиҷаҳои бадастомада, ба иштирокчиёни мусобиқа комёбиҳо орзу намуданд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни бонкҳо ба рушди низоми бонкӣ ва беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар бахши хотимавии сабқат ташаббускорони мусобиқаи «Ҷоми бонкҳо» таъкид намуданд, ки ба ин монанд мусобиқаҳо солҳои оянда низ баргузор карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ