Панҷ ташкилоти қарзии хурд муттаҳид шуданд

Бойгонии ахбор
12.04.2016

Панҷ ташкилоти қарзии хурд муттаҳид шуданд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”, бо қарори навбатии худ аз 11 апрели соли ҷорӣ барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир”, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод” ба дархости онҳо розигӣ дод.

Дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.

ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир” уҳдадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Тибқи қарори мазкур ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод”аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку