Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ муътадил буд.

Бойгонии ахбор
12.05.2016

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ муътадил буд.

Аз рӯи ҷамъбасти моҳи апрели соли равон сатҳи таваррум раванди коҳишёбӣ дошта, ба 0,4 фоиз баробар шуд,ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 0,3 банди фоизӣ кам мебошад. 

Ба раванди мазкур дар баробари татбиқи сиёсати босамари макроиқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди муътадили молу маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, ҷараёни муътадили тағйирёбии маҳсулотҳои ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо мусоидат намуд.

Тибқи мониторинги Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ арзоншавии нархи пиёз, биринҷ, равғани пахта, орди навъи якум,  шир, шакар, тухм, мош, бодиринг, ангишт ва хишти пухта ба қайд гирифта шуд. 

Ҳамзамон, дар давоми моҳи ҳисоботӣ болоравии нархи миёнаи баъзе аз сабзавотҳои хусусияти мавсимӣ дошта, ба назар расид, аз ҷумла картошка, карам, сабзӣ, помидор ва нахӯд.

Ҳамин тариқ, сатҳи таварруми солона дар моҳи апрели соли 2016 5,3 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ паст гардид.

Хадамоти матбуоти  
БМТ


Возврат к списку