Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк" ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қаpopи навбатии худ аз 3 майи соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати се моҳ таъин намуд.
Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП ''БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк" чораҳои зарурӣ андешад.
Хадамоти матбуоти
БМТ