Озмуни вазифаҳои холӣ

Бойгонии ахбор
24.05.2016

Озмуни вазифаҳои холӣ

О З М У Н

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти аудити дохилӣ

Аудитори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

• таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
• донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
• доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ;
• таҷрибаи кории 3-солаи соҳаи технологияҳои иттиоотӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ - афзалият дорад;
• донистану фаҳмидани моҳияти стандартҳои СOBIT, COSO ва ғайра - афзалият дорад.

Аудитори шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:


• таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
• маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
• донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмиллалии ҳисоботи молиявӣ – афзалият дорад;
• малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word,Excel, Power Point)- ҳатмӣ;
• донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
• доштани таҷрибаи кории 3-сола дар соҳаи бонкӣ;

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 086УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон.
Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-32
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31.05 с.2016

Возврат к списку