Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ раванди нисбатан муътадил дошт

Бойгонии ахбор
14.06.2016

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ раванди нисбатан муътадил дошт

Тибқи маълумоти омори расмӣ дар моҳи майи соли равон, сатҳи таваррум раванди коҳишёбӣ дошта, ба 0,2 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,2 банди фоизӣ ва моҳи майи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ камтар аст. 

Мутобиқи мониторинги Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳи майи соли равон арзоншавии нархи картошка, пиёз, карам, гӯшти гӯсфанд, гӯшти мурғ, шир, помидор, бодиринг, семент ва гази моеъ ба қайд гирифта шуд.

Ҳамзамон, дар давоми моҳи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ болоравии нархи миёнаи маҳсулоти полизӣ, биринҷ, нахӯд, мош ва маҳсулоти хусусияти мавсимӣ дошта, аз ҷумла сабзӣ, себ, нок, тухм ва шакар мушоҳида гардид.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ – майи соли ҷорӣ 2,7 фоизро ташкил намуда, таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар сатҳи 5,2 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ кам мебошад.

Дар баробари татбиқи сиёсати мутавозини монетарию макроиқтисодӣ омили дигари пастравии таваррум дар моҳи май ин пешниҳоди васеи молу маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (сабзавот ва меваҷот) ва ҷараёни муътадили тағйирёбии маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ ба коҳишёбии нархҳо оварда расонд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку