Ҳаҷми қарзҳои хурд дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиёд шуд

Бойгонии ахбор
22.06.2016

Ҳаҷми қарзҳои хурд дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиёд шуд

Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 4 242, 1 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 6 714,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Таркиби бақияи қарзҳо аз 42,6% (4 670,8 миллион сомонӣ) қарзҳои кутоҳмуддат ва 57,4% (6 285,8 миллион сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди дар моҳҳои январ-майи соли равон додашуда, 1 744,0 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 301,8 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд, ки назар ба моҳи апрели соли ҷорӣ 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку