ТАҚХ “Фардо” ба фаъолият оғоз намуд

Бойгонии ахбор
23.06.2016

ТАҚХ “Фардо” ба фаъолият оғоз намуд

Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2016, бинобар иваз шудани номи ҶДММ ТАҚХ “Музаффарият” ба ҶДММ ТАҚХ “Фардо”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фардо” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи мазкур ба ташкилоти номбурда ҳуқуқ медиҳад, ки дар фаъолияти худ ба ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркуниву мубодилавӣ ва барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо машғул шавад.

Қобили қайд аст, мутобиқи қарори зикргашта иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Музаффарият” аз 3 декабри соли 2012 беэътибор хонда шуд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку