Вобаста ба татбиқи барномаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти сарварии мушовир Хосе Морендо де Барреда мулоқот гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ изҳор доштанд, ки бо дастгирии Барномаи Глобалӣ оид ба молия ва бозорҳои Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Гурӯҳи институтҳои молиявии Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ татбиқи барномаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон оғоз мегардад.
Тавре аз фишурдаи вохӯрӣ бармеояд, мақсад аз татбиқи ин лоиҳа васеъ намудани доираи фарогирии тамоми қишрҳои аҳолӣ (аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар) ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ бо истифода аз бизнес-моделҳои нави иноватсионӣ, аз қабили истифодаи телефонҳои мобилӣ, шабакаи интернет, терминалҳои худкори худхизматрасон ва агентҳои бонкӣ мебошад.
Муҳлати татбиқи лоиҳа чор сол арзёбӣ гардида, дар доираи лоиҳа роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ (Е-хизматрасониҳо), ба мисоли технологияҳои пулҳои электронӣ, ин
тернет-банкинг, дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ тавассути таҷҳизоти мобилӣ, пардохтҳои мобилӣ, интернет пардохтҳо ва дигар хизматрасониҳои молиявии электронӣ ба назар гирифта шудааст.
Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо иштирокдорони бозор дар ин самт дар якчанд давра ба роҳ монда мешавад.
Аз ҷумла, дар давраи аввал, ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун шарики лоиҳа, дар масъалаҳои танзим ва такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун майдони муҳокима бо иштирокдорони бозор, аз қабили ташкилотҳои қарзӣ, операторони хизматрасониҳои телекомуникатсионию мобилӣ ва дигар намояндагони бахши хусусӣ, баромад мекунад.
Дар давраҳои дуюм ва сеюм ҳамкорӣ ва табодули афкор бо иштирокдорони бозор барои муайян намудани талаботи аҳолӣ дар хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ монда шуда, татбиқи лоиҳа бо иштирокдорони алоҳидаи бозори молиявӣ амалӣ карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, афзоиши фарогирии аҳолии кишвар ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо дар қаламрави кишвар мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
БМТ