Бо мақсади дастгирии доимии ниёзмандону маъюбон ва ҳифзи иҷтимоии қишри камбизоат, ки аз дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон дар арафаи Иди саиди Фитр ба хона-интернати наздимактабии ноҳияи Лахш мувофиқи пешниҳоди рӯйхати эҳтиёҷот ба маблағи зиёда аз 16 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ расонид.
Кӯмаки хайриявӣ дар шакли таҷҳизоти маишӣ, аз қабили яхдон, мошинаи либосшӯӣ, болопӯшҳо, ҷевончаҳо, либосовезакҳо, гилемчаҳо, шишаҳои тиреза ва ҳамчунин дигар намуди асбобу ашёи рузғор ба бошандагони хона-интернат пешниҳод гардид.
Қобили қайд аст, дар хона-интернати наздимактабии ноҳияи Лахш 36 нафар кӯдакони маъюб таълиму тарбия мегиранд. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 сарпарастии ин муассисаи таълимиро ба дӯш дошта, пайваста ба он кумаки моддиву маишӣ мерасонад.
Инчунин, дар арафаи Иди саиди Фитр бо мақсади дастгирии собиқадорони меҳнат, ба як қатор нафақахӯрон ва собиқадорон ниёзманди БМТ кумаки яквақтинаи пулӣ расонида шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ