13 июли соли равон, Ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария бо роҳбарии раиси бонк Томас Йордан ба Бонки миллии Тоҷикистон ташрифи расмӣ анҷом дод.
Дар мулоқоти расмӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ, қурби асъор ва ислоҳот дар низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуданд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария баррасии вазъи низоми бонкӣ ва гузаронидани семинар дар мавзӯи “Вазъи фаромиллии иқтисодӣ ва сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Швейтсария” буда, зимни семинар тарафҳо тариқи муколама ва баҳс метавонанд бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намоянд.
Раиси Бонки миллии Швейтсарияро дар ин сафари расмӣ директори Департаменти сиёсати ҳамкориҳои байналмилалии бонки мазкур Андреа Сивиеро, мушовири масоили сиёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Вернер Ҳерманн, мудири лоиҳаҳои ҳамкории мутақобила Гилберт Хайм ва мушовири калони масоили ҳамкориҳои тарафайни Бонки миллии Швейтсария Надира Хуонкер ҳамроҳӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ