Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза вазъияти бозори дохилии асъорро назорат намуда, баҳри ба эътидол овардани қурб ва талабот ба асъори хориҷӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали сол то 18 июли соли 2016 – 10,7 фоиз коҳиш ёфтааст, ки аз он 10,4 фоиз ба моҳи январ ва 0,3 фоизи боқимонда ба моҳи феврал рост меояд, дар моҳҳои март, апрел, май, июн ва 18 рӯзи моҳи июл қурб тағйир наёфтааст.
Қурби доллари ИМА дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, ки дар моҳи январи соли равон 15,4 фоиз баланд шуда буд, дар моҳи феврал 10,2 фоиз коҳиш ёфта, дар чор моҳи охир 0,3 фоиз баланд шудааст.
Вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ нисбат ба доллари нақди ИМА дар моҳҳои феврал, март, апрел, май ва июни соли ҷорӣ бинобар амалӣ кардани маҷмӯи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ, асъорӣ, маъмурию назоратӣ ва тағийрёбии сохтори талабот ба доллари нақд муътадил гашт.
Бонки миллии Тоҷикистон суботи бозори дохилии асъор ва нигоҳдории қурби пули миллиро яке аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ намуда, минбаъд низ ин сиёсатро дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ таъмину татбиқ хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
БМТ