Ба таваҷҷуҳи ширкатҳое, ки ба фаъолияти махсус машғул ҳастанд

Бойгонии ахбор
01.08.2016

Ба таваҷҷуҳи ширкатҳое, ки ба фаъолияти махсус машғул ҳастанд

Ба самъи ширкатҳои мобилӣ, ширкатҳои боркашонии байналмилалӣ (логистикӣ), роҳи оҳани Тоҷикистон, меҳмонхонаҳое, ки ба ғайрирезидентҳо бо асъори хориҷӣ хизмат мерасонанд ва тамоми ширкатҳое, ки амалиётҳои (фаъолияти махсус) зикршударо:

а) фурӯши мол ба мусофирон дар мағозаҳои савдои бебоҷи фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои байналмилалӣ;

б) хизматрасонӣ ба мусофирон дар воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ;

в) иҷрои кор ва хизматрасонӣ оид ба таъминот, нигоҳбонӣ, таъмир ва ташхису омодасозии ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ;

г) хизматрасонии консулӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои байналмилалӣ;

д) хизматрасонии роуминги хориҷӣ дар алоқаи байналмилалии мобилӣ;

е) хизматрасонии миёнаравӣ дар хариду фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ҳангоми воридоту содироти онҳо;

ё) хизматрасонӣ барои кашонидани бор дар нақлиёти боркашонии байналмилалӣ, аз ҷумла, хизматрасонии экспедиторӣ, суғуртакунонӣ ва ғайра;

ж) хизматрасонӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаҳо;

з) хизматрасоние, ки ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ дар ташкилоти қарзӣ вобастагӣ дорад; 

анҷом медиҳанд, расонида мешавад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 1, моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ-фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”) анҷомдиҳии амалиёти дар боло номбаршуда танҳо дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ширкатҳое, ки бо фаъолияти махсус тавассути асъори хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ҳастанд, мерасонад, ки то санаи 15 августи соли 2016 тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Дар ҳолати то вақти муқарраркардашуда нагирифтани иҷозатнома барои фаъолияти махсус тибқи қонунгузорӣ нисбати онҳо чора андешида мешавад.

Барои маълумот бо телефони  44- 600-31-03 тамос гиред.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку