Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии худ аз 9 августи соли ҷорӣ ба дархости ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон”, ҶСП ТҚХ “Рушди занон” ва ҶСП ТҚХ “Кишоварзон” барои муттаҳидшавӣ розигӣ дод.
Дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ “Рушди занон” ва ҶСП ТҚХ “Кишоварзон”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шуда буд, бозхонд гашта, қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13.11.2015, №252 дар бораи ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” аз эътибор соқит дониста шуд.
ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” уҳдадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ҳамин рӯз, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ фаъолияти ташкилоти қарзии ҶДММ ТҚХ "Даҳана" қатъ карда шуд.
Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Даҳана” Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис ёфта, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши ин комиссия гузошта шуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ