Тавзеҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ба “Намояи пулшӯйии Базел-2016”

Бойгонии ахбор
11.08.2016

Тавзеҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ба “Намояи пулшӯйии Базел-2016”

Намояи Институти идорасозии Базел нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пулшӯйӣ ва маблағгузори терроризм ба ҳақиқат рост намеояд

Ҳисоботи тадқиқотии Институти идорасозии Базел, ки соли 2015 ва соли 2016 нашр гардида, масъалаи пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризмро дар Тоҷикистон дар ҷойи назаррас қарор додааст, дар заминаи маълумоти ғайримуътамад анҷом ёфтааст. Дар маводи зикршуда таҳлили фаъолияти давлатҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоврада ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) комилан нодуруст сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, давлатҳое, ки аз рӯи тавсияҳои 40+9-и ФАТФ ва тавсияҳои нави 40-и ФАТФ баҳогузорӣ мешаванд, дар тадқиқоти мазкур дар якҷоягӣ таҳлил шудаанд. Ҳол он ки талаботи тавсияҳои 40+9 ва тавсияҳои нави 40-и Гурӯҳи ФАТФ аз ҳамдигар комилан фарқ мекунанд.

Ҳамчунин, дар “Намояи пулшӯйии Базел-2016” давлатҳое, ки дар зинаҳои поёнӣ қарор доранд, дар муқоиса бо ФАТФ дар рӯйхати хокистарранги он ҷой дода шудаанд. Ба рӯйхати хокистарранги ФАТФ ворид шудани давлат маънои норасоии стратегиро дар самти МҚД/МТ дорад. Ёдовар мешавем, ки номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест, ки ин далел аз мустаҳкамии низоми давлат дар самти МҚД/МТ шаҳодат медиҳад (1,2).

Илова бар ин, ҳангоми баҳогузории низоми МҚД/МТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани рейтинги манфӣ ба он Институти идорасозии Базел аз сарчашмаҳои ғайримуътамад ва куҳнашуда истифода бурдааст.

Масалан, Институти мазкур ҳисоботи Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи ФАТФ- ро дар хусуси аз рӯйхати хокистарранг баровардани ҷумҳурӣ дар соли 2014 сарфи назар карда, рейтинги худро нисбати ҶТ дар асоси ҳисоботи баҳогузории тарафайни соли 2008 тартиб додааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба расмикунонии пул (ФАТФ) ба қатори кишварҳое, ки ба талаботи ин ташкилотҳо комилан ҷавобгӯ мебошанд, ворид карда шуд (3,4).

Бо дарназардошти он ки созмонҳои маъруфу бонуфузи байналмилалӣ аз қабили ФАТФ ва Гурӯҳи Авросиё низоми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти МҚД/МТ мусбат арзёбӣ кардаанд, нашри чунин мавод мувофиқи мақсад нест.

Бонки миллии Тоҷикистон аз васоити ахбори омма хоҳиш мекунад, ки пеш аз нашри ҳар гуна маълумот онро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба муътамадии сарчашмаҳои мавриди истифода таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Пешравии низоми ҶТ дар самти МҚД/МТ дар сомонаҳои зерин дарҷ гардидааст:
1)http://www.fatf-gafi.org/publications/high-riskandnon-cooperativejurisdictions/documents/fatf-compli...
2)http://www.fatf-gafi.org/topics/high-riskandnon-cooperativejurisdictions/documents/fatf-compliance-o...
3)http://www.eurasiangroup.org/detail/news1/eag_plenary_meeting_public_statement/
4)http://www.eurasiangroup.org/detail/news1/the_21st_eag_plenary_meeting_public statement/

 www.eurasiangroup.org,   www.fatf-gafi.org,


Департаменти
мониторинги молиявии
БМТ


Возврат к списку