Тибқи маълумоти омори расмӣ дар моҳи июли соли равон сатҳи таваррум раванди нисбатан болоравӣ дошта, ба 0,6 фоиз баробар шуд, ки дар муқоиса ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,4 фоизӣ ҳосил гардид.
Аз рӯи таҳлил ва ҳисобҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ саҳми хизматрасонии пулакӣ дар таварруми ҳосилшуда ба 0,3 фоиз баробар шуда, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ мутаносибан 0,2 фоиз ва 0,1 фоизро ташкил намуданд.
Болоравии чиптаҳои ҳавопаймо (боркашонии байналмилалӣ) ва хизматрасониҳои роҳи оҳан қисми асосии таварруми баамаломадаро дар бахши химатрасониҳои пулакӣ ташкил доданд.
Афзоиши нархи маводҳои озуқаворӣ ба монанди сабзӣ, картошка, пиёз, карам, гӯшти гов, тухм, шир ва чакка, помидор, чойи кабуд ва ярмаи марҷумак ба қайд гирифта шуд.
Дар баробари ин, коҳишёбии нархи маводҳои озуқаворӣ аз қабили орди навъи якум, шакар, равғани пахта, гӯшти гӯсфанд, бодиринг, себ ва нахӯд ба амал омад.
Маводҳои ғайрихӯрокворӣ бошанд, аз ҳисоби қиматшавии нархи гази моеъ, бензин, маводҳои конселярӣ, хокаи ҷомашӯӣ ва асбобҳои маишӣ ба вуқуъ пайваст.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ – июли соли ҷорӣ сатҳи таваррум 3,7 фоизро ташкил намуда, нишондоди солонаи он дар моҳи июли соли 2016 ба 6,0 фоиз баробар шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати устувор нигоҳ доштани тамоюли муътадили сатҳи таваррум меъёри бозтамвилро тағйир дод, ки ин иқдом барои идора намудани ҳаҷми пул дар муомилот ва пешгирии хавфҳои эҳтимолии афзоиши фишорҳои таваррумӣ равона шудааст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ