Бо мақсади дар сатҳи зарурии касбӣ ба роҳ мондани фаъолияти барҳамдиҳандагон ва мудирони махсуси ташкилоти қарзӣ дар низоми бонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи Қоидаҳои муқаррар намудани талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда, мудири махсуси ташкилоти қарзӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи БМТ ҷиҳати дастрас намудани шаҳодатнома хоҳишмандонро ба Бонки миллии Тоҷикистон даъват менамояд.
Барои дастрас намудани маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба Департаменти назорати бонкӣ ба телефони (44) 600 31 89 муроҷиат намоянд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ