Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва пешбурди фаъолияти самаранок дар бахши низоми бонкии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи барномаи махсус оид ба “Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ”-ро идома медиҳад.
Аз ҷумла, дар доираи ҳамин барнома, даври дуюми семинар-машваратҳо барои омӯзгорони мактаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз 22-юми август то 27-уми августи соли ҷорӣ идома ёфта, 26 август барои 60 нафар омӯзгорони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе дар Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони варзидаи Департаменти муомилоти пулӣ, Идораи низоми пардохт ва Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ семинари таълимӣ гузаронида шуд.
Дар оғоз иштирокдорони семинарро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова пазироӣ намуда, аз омӯзгорон даъват намуд, ки дар азхудкунии маълумоти пешниҳодшуда фаъолтар бошанд, зеро сатҳи маърифати молиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз сатҳи фаҳмишу дарки омӯзгорони фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” вобастагии зиёд хоҳад дошт. Бо ин мақсад аҳли нишаст бо маълумотҳои зарурии аёнӣ дар шакли китобчаю маҷаллаҳои ранга таъмин гардиданд.
Баъдан, аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорони семинар дар бораи мақсад ва вазифаҳои БМТ, Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, пули миллӣ, пулҳои фарсуда, коршоям ва коршоями қобили иваз, хусусиятҳои фарқкунандаи пулҳои қалбакӣ, низоми пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, роҳу усулҳои муосиру шавқовар баргузор намудани дарсҳои фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” маълумот пешкаш гардид.
Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур такмили дониши молиявии омӯзгорони фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” ба ҳисоб рафта, иштирокдорони семинар дар рафти он оид ба нозукиҳои хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ маълумоти зарурӣ дарёфт намуданд.
Дар робита ба баргузории семинари мазкур, бояд қайд кард, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ва ниҳоят дар анҷоми кори семинар масъули Осорхонаи БМТ Салмон Ҷамолов иштирокдорони семинари имрӯзаро бо нигораҳои осорхона, таърихи чандинасраи пулу тангаҳо дар қаламрави давлатҳои аҷдодони тоҷикон ва даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, барояшон маълумоти мукаммалу шавқовар пешниҳод кард.
Ҳамчунин ба диққати иштирокдорони мулоқот расонида шуд, ки дари Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон барои тамоми хоҳишмандон ва ҳаводорони таърихи пули миллӣ ва низоми бонкӣ кушода аст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ